Ссылки доступа

Русия дар Шӯрои амният ба қатъномаи иқлим вето гузошт


Русия дар Шӯрои амнияти СММ ба лоиҳаи қатъномае, ки дар он тағйирёбии иқлим ба масъалаҳои амниятӣ рабт дода шудааст, вето гузошт.

Лоиҳаро Ирландия ва Нигер пешниҳод карда буданд. Аз 15 узви Шӯрои амнияти СММ 12 тоаш ба ҷонибдорӣ аз лоиҳа раъй дода, Русия зид баромад ва Чину Ҳиндустон аз раъйдиҳӣ худдорӣ карданд.

Намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя дар шарҳи тасмими кишвараш гуфт, "ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди мавзуи иқлим ба ду қисм ҷудо шудааст". Ӯ матни лоиҳаро кушиши таҳмили "мавқеи фаъолони иқлим" ба ҷомеаи ҷаҳонӣ номид.

Телевизиони "Евронюс" гузориш додааст, ки дар матни лоиҳа аз дабири кулли СММ Антониу Гутерриш даъват мешавад, "хатарҳои амниятии марбут ба иқлимро дар стратегияи умумии созмон барои пешгирии низоъҳо ҳамчун омили марказӣ ворид карда шавад.

XS
SM
MD
LG