Ссылки доступа

Пулиси Қирғизистон гуфт, покистонии фавтидаро касе латту кӯб накардааст


Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон рӯзи 14 хабари латту кӯб шудани шаҳрванди Покистонро шарҳ дод, ки рӯзи 11 декабр дар шаҳри Бишкек зери чархи қатора монд.

Вазорати дохилии он кишвар гуфт, Рамзан Муҳаммад, шаҳрди Покистон буд, ки донишҷӯи соли дувуми Мактаби тиббӣ таҳсил мекард. Ҷасади вай ҳоло ташхис мешавад.

Дар посух ба хабари шабакаҳои иҷтимоӣ, ки гӯиё ин шаҳрванди Покистон пеш аз зери чархи қатора мондан, латту кӯб шудааст, вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гуфт, шоҳидоне пайдо нашуданд, ки ин хабарро тасдиқ кунанд.

"Шаҳрванд Т.Б. шоҳидӣ дод, ки рӯзи 11 декабр, тақрибан соати 14:00 рӯи роҳи оҳан, дар кӯчаи Лев Толстои шаҳри Бишкек, аз кор ба хонааш мерафт. Пешопеши вай дар масофаи қариб 100 метр ҷавоне қадам мезад. Садои қатора шунида мешуд, аммо ҷавон ба он эътибор надода, ба роҳаш давом медод, ки баъдан қатора ӯро пахш кард", - хабар доданд аз вазорати корҳои дохилии Қирғизистон.

Сафорати Покистон дар Қирғизистон аз девони вазирони ин кишвар хост, сабабҳои марги ҷавони покистонӣ таҳқиқ шавад.

XS
SM
MD
LG