Энтонӣ Блинкен, котиби давлатии ИМА дар изҳороте гуфтааст, ҳукми додгоҳ нисбати Сергей Тихановский, Николай Статкевич, Игор Лосик ва дигар айбдоршавандаҳо ангезаи сиёсӣ дорад. "На маҳкумшудаҳо, на мардуми Белорус сазовори чунин саркӯбҳо нестанд", - гуфтааст котиби давлатии ИМА.
Дар ИМА ба ин назаранд, ҳукмҳои нави додгоҳ аз он шаҳодат медиҳанд, ки мақомоти Белорус уҳдадориҳои байналхалқии хударо дар бахши ҳуқуқи инсон риоя намекунанд. Дар изҳороти котиби давлатии ИМА омдаааст, ки маҳкумшудаҳои ахир ва бештар аз 900 шаҳрванди дигари Белорус, ки аз онҳо зиндонии сиёсӣ ном бурда мешавад, озод карда шаванд. ИМА ҳамчунин аз режими Александр Лукашенко даъват кардааст, ки саркӯбҳоро қатъ ва гуфтугӯ бо мухолифонро шуруъ кунад.
Дар Иттиҳоди Аврупо низ ҳукмҳои ахири додгоҳӣ дар Белорусро маҳкум карданд. Дар раёсати сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфтанд, Иттиҳод омода аст, ки таҳримҳои навро зидди Минск ҷорӣ кунад.
Игор Лосик, мушовири бахши белорусии Радиои Озодӣ 15 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Блогнавис Владимир Сиганович низ чунин ҳукм гирифт. Аъзои тими Сергей Тихановский - Дмитрий Попов ва Артем Саков 16-солӣ зиндонӣ шуданд. Николай Статкевич, яке аз роҳбарони мухолифон 14 сол зиндонӣ шуд. Сергей Тихановский, шавҳари роҳбари мухолифон Светлана Тихановская, 18 сол зиндонӣ шуд. Додгоҳи Белорус ҳамаи онҳоро дар ташкили бетартибиҳои баъди интихоботи президентии моҳи августи соли 2020 айбдор кард.