Ҳомиёни ҳуқуқ талаб карданд, онҳое, ки дар шиканҷа ва хушунат алайҳи сокинони маҳаллӣ даст доранд, бояд муҷозот карда шаванд.
Дар изҳороте, ки бахшида ба солгарди ҳодисаҳои хунин нашр шудааст, гуфта мешавад, нафткашҳои гумонбар соли 2012 дар мурофиаҳои додгоҳӣ аз шиканҷа, боздоштҳои дастаҷамъона ва латтукӯб шудани сокинони Жанаозен шикоят карда буданд.
"Ягон тои ин шикоятҳо беғаразона тафтиш нашудааст. Ба назари мо, давлат дар ҷараёни ҳодисаҳои Жанаозен бо истифода аз силоҳ зидди сокинони осоишта ҳуқуқ ба зиндагӣ, ҳуқуқи озодӣ аз боздошти худсаронаву шиканҷа ва ҳуқуқ ба баррасии одилонаи парвандаҳоро нақз кардааст.", - омадааст дар изҳороти ҳомиёни ҳуқуқи Қазоқистон.
Муаллифони изҳорот гуфтаанд, даъвати комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Нави Пиллэй ва гузоришгари махсуси созмон дар умури ҷамъомадҳои осоишта Майна Киаиро барои таҳқиқи мустақили байналмилалии ҳодисаҳои Жанаозен ҷонибдорӣ мекунанд.
Нафткашҳои Жанаозени Қазоқистон моҳи декабри соли 2011 бо талаби беҳсозии шароити корӣ корпартоӣ карданд ва кормандони пулис ҳангоми пароканда кардани тазоҳурот аз силоҳ истифода карданд. Ба иттилои расмӣ, он рӯз дар натиҷаи парокандасозии тазоҳурот 17 кас ҷон бохтааст, вале сокинони маҳаллӣ иддао доранд, ки шумори воқеии ҳалокшудаҳо бештар аз арқоми расмӣ мебошад.