Ссылки доступа

Занозаниҳои гуруҳӣ: наздики 400 муҳоҷирро 40 сол аз вуруд ба Русия маҳрум карданд


Таджикские мигранты в России. Иллюстративное фото
Таджикские мигранты в России. Иллюстративное фото

Дар Москва наздики 400 муҳоҷирро барои занозаниҳои гуруҳӣ ва дигар гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум карданд.

Дар ин бора Татяна Дмитриева, як масъули мақомоти муҳоҷирати он кишвар иттилоъ дод.

"Нисбати ин муҳоҷирон қарори манъи вуруд содир шуд ва онҳо аз ҳаққи вуруд ба Русия барои 40 сол маҳрум шуданд", - гуфт Дмитриева.

Ба гуфтаи вай, дар Москва 1 млн 33 ҳазор муҳоҷир ҳузур дорад, ки 82 дарсади онҳо соҳиби кор ҳастанд. Асосан инҳо муҳоҷирон аз Узбекистон (31%), Тоҷикистон (26%) ва Қирғизистон (25,4%) ҳастанд.

Моҳи августи соли ҷорӣ шаҳрдори Москва Сергей Собянин гуфта буд, дар моҳҳои охир аз Москва 200 муҳоҷири меҳнатӣ берун ва нисбати 800 тани дигар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба гуфтаи вай, ин ихроҷҳову парвандаҳо баъди занозаниҳои гуруҳӣ боз шудаанд. "Ин гуна намешавад. Мо чунин меҳмононро хуш надорем. Москва - шаҳри меҳмонпазир ҳаст. Аммо, лутфан, дар меҳмонӣ худро муаддаб нигаҳ доред", - гуфта буд вай.

XS
SM
MD
LG