Ссылки доступа

Нисбати зодаи Узбекистон, ки дар амалиёти мақомоти махсуси Русия кушта шуд, парванда боз карданд


Нисбати зодаи Узбекистон Набӣ Раҳимов, ки дар амалиёти кормандони Хадамоти федеролии амният ё ФСБ Русия кушта шуд, бо моддаи истифодаи хушунат алайҳи намояндагони давлат парванда боз гардид.

Расонаҳои Русия навиштанд, ки ҷасади Раҳимон то кунун ба пайвандонаш супурда нашудааст.

Набӣ Раҳимов, зодаи Узбекистон аст, ки солҳои тӯлонӣ ҳамроҳ бо хонаводааш дар наздикии Москва зиндагӣ мекард. Соли 2009 вай ба Узбекистон рафт. Мақомоти Узбекистон ӯро дар узвияти ҳаракати мазҳабии "Ҳизбуттаҳрир" айбдор карданд.

Соли 2013 Раҳимов дар Русия боздошт шуда буд. Мақомоти Русия мехостанд, ӯро ба Узбекистон истирдод кунанд, аммо Додгоҳи Аврупо дар умури ҳуқуқи инсон ин истирдодро манъ кард. Соли 2015 Раҳимов бо хонаводааш ба Қрими ишғолӣ рафт.

11 майи соли ҷорӣ дар деҳаи Дубкии наздикии Симферопол кормандони ФСБ манзили Раҳимовро бозҷӯӣ карда ва дар натиҷа ӯро парронданд. Мақомоти тафтишотии Русия гуфтанд, соҳибхона оташкушоиро шуруъ карда, кормандони ФСБ ҷавобан тир кушодаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, кормандони мақомоти махсус бидуни шарҳи сабабҳо ба манзили Раҳимов рафта ва эҳтимол дорад, ки ӯро шиканҷа кардаву баъдтар "амалиёти махсус" роҳандозӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG