Нахустин ҳолати гирифторӣ ба "Омикрон" охирҳои моҳи ноябри соли равон дар Африқои Ҷанубӣ сабт шуда буд ва ҳоло он аллакай ба 77 кишвар паҳн шудааст.
Намояндаи махсуси СҶТ дар умури мубориза бо коронавирус Дэвид Набарро ба Sky News гуфтааст, шумори гирифторон ба ин навъи коронавирус дар давоми ду-се рӯз ду баробар афзоиш меёбад.
Ба гуфтаи ӯ, вазъи марбут ба "Омикрон" пас аз як ҳафта "ҳашт баробар" ва баъди ду ҳафта "чиҳил баробар" ҷиддитар мешавад. Намояндаи СҶТ гуфтааст, "Омикрон" сарфи назар аз ҳолатҳои ками фавт бар асари он ба хотири зуд паҳншавияш низомҳои тандурустиро ба "ларза" медарорад.
Набарро афзудааст, ки аз пештар дида ҳоло роҷеъ ба коронавирус нигаронтар аст. Вай ба идомаи эмкунии сокинон ва коҳиши тамосҳои иҷтимоӣ миёни одамон даъват кардааст.
Омикрон номи вируси наву тағйирёфтаи СOVID-19 аст, ки моҳи ноябр дар Африқои Ҷанубӣ кашф шуд. Олимон аз афзоиши ангезандаҳо дар протеинҳои сатҳи ин вируси такомулёфта нигаронанд, ки бемории COVID-19 бармеангезад. Дар ин шакл вирус вогиртар ва муқовим ба ваксинаҳои мавҷуд мешавад.