Ссылки доступа

Боздошти фаъолон дар Қазоқистон


Фаъолони ҷамъиятӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон Диана Боймаҳмадова ва Асхат Берсалимов рӯзи 16 декабр боздошт шуданд. Пулис баъди чанд соати боздошт онҳоро раҳо кард.

Дидор Каиров, дӯсти наздики Диана гуфт, онҳоро рӯзи панҷшанбе аз коргоҳашон боздошт карданд. Аммо чанд соат баъд бидину эълони айб аз идораи пулис раҳо карданд.

"10-15 одам дар 5 мошин омаданд, моро ба идораи пулиси ноҳияи Алатауи Алмато бурданд. Сабабҳоро шарҳ надоданд. Суол доданд, бозпурсӣ карданд. Баъди ду соат раҳо карданд", - гуфт Каиров.

Асхат Берсалимовро пулис дар кӯча боздошт кард. Ин фаъоли ҷамъиятӣ дар саҳифаи Фейсбук навореро нашр кард, ки дар он дида мешавад, пулис чи гуна монеи одамоне мешавад, ки қасди рафтан ба майдони гирдиҳамоиро доранд. Баъди ин навор Берсалимро боздошт ва бо гузашти 5 соат раҳо карданд.

Ҳамин тавр, пулис чанд тани дигар аз фаъолони иҷтимоиро дар наздикии майдони гирдиҳамоӣ боздошту баъди чанде раҳо кард.

Бекболат Утебаев после выхода из полиции сообщил в телефонном разговоре, что с ним провели беседу. «Сказали, предупредили, чтобы на площадь не выходил. Продержали меня три часа, лишь бы я не попал сегодня на место митинга», — сказал Утебаев.

Рӯзи 16 декабр дар чанд шаҳри Қазоқистон фаъолон хотираи қурбониёни Ҳаводиси декабри соли 1986 дар шаҳри Алмато ва декабри соли 2011 дар Жанаозенро гиромӣ доштанд. Фаъолон дар пояи ёдгориҳо гул гузоштанду ба арвози фавтидаҳо фотиҳа хонданд. Як иддаи дигар аз фаъолон дар майдони Республика гирдиҳамоӣ ташкил карданд.

XS
SM
MD
LG