Ссылки доступа

Марде дар Москва ба як дандонпизишки узбекистонӣ бо корд ҳамла кард (видео)


Марде дар як беморхонаи хусусӣ дар шимоли Москва ба дандонпизишки узбекистонӣ бо корд ҳамла ва ӯро захмӣ кард.

Расонаҳо навиштанд, ки марди ҳамлагар пардозгари маъруфи синамо аст. Ҳамлагар боздошт ва нисбаташ бо моддаи "Суиқасд ба куштор" парванди ҷиноӣ боз шудааст.

Ҳодисаи мазкур рӯзи душанбеи 13 декабр рух додааст. Ҷабрдида Ҷамол Одилови 40-сола, зодаи шаҳри Тошканди Узбекистон аст.

Марди ҳамлагар шаш моҳи пеш дар клиникаи мазкур дандонҳояшро табобат кардааст.

"Дандонҳои марди ҳамлагарро дандонпизишке бо номи Елена табобат карда буд. Вай танҳо аз Ҷамол Одилов барои табобат машварат гирифта буд", - гуфт масъули клиника бо номи Бобур.

XS
SM
MD
LG