Ссылки доступа

Амрико барои таъқиби уйғурҳо зидди Чин таҳрим эълом мекунад


ИМА ба далели нақзи ҳуқуқи инсон дар нисбати уйғурҳои минтақаи худмухтори Шинҷон зидди Чин таҳрим ҷорӣ мекунад.

Вазорати савдои Амрико Академияи улуми низомӣ-тиббии Чинро бо 11 маркази пажӯҳишияш ба рӯйхати корхонаву муассисаҳои таҳримшудае шомил кардааст, ки ҳаққи содиротро надоранд.

Сенати Амрико 16 декабр лоиҳаи қонунеро якдилона ба тасвиб расонд, ки воридоти ҳамагуна молро аз Шинҷон манъ мекунад. Ширкатҳо пеш аз ворид кардани мол бояд исбот кунанд, ки маҳсулоти онҳо бо нерӯи иҷборӣ истеҳсол нашудааст.

Лоиҳаи мазкурро ду рӯз пеш Палатаи намояндагони ИМА ба тасвиб расонда буд ва ҳоло он барои имзо ба президенти Амрико Ҷо Байден пешниҳод карда мешавад.

Чин ба хотири сиёсатҳои таъқибгароёнааш дар қиболи ақалиятҳои миллии Шинҷон, ки беш аз 5 сол мешавад, идома дорад, мавриди танқидҳои шадиди ҷомеаи байналмилалӣ ва таҳримҳо қарор гирифтааст.

Худи Чин исрор дорад, ки тадбирҳои андешидашудаи ин кишвар, аз ҷумла нигаҳдории иҷбории сокинони Шинҷон дар урдугоҳҳои бозтарбияи сиёсӣ ба хотири мубориза бо ифротгароӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG