Дар шаҳри Варшава сокинон соати 19 назди Қасри президент ҷамъ шуданд. Онҳо озодии расонаҳоро талаб карданд.
Миёни ширкатдорони гирдиҳамоӣ раиси бузургтарин ҳизби мухолифи "Платформаи шаҳрвандӣ", сарвазири пешини Лаҳистон Доналд Туск, номзади пешин ба мақоми президентӣ аз "Эътилофи шаҳрвандӣ" Малгожата Кидава-Блонсквая ва дигар сиёсатмадорони мухолиф, рӯзноманигорон ва фаъолон ҳузур доштанд.
Фаъолон дар муроҷиатномае гуфтанд, рафтори кунунии ҳукумат - ҷиддитарин зарба ба озодии баён аз соли 1989 ба ин тараф аст.
"Ҳизби ҳоким ва ходимони онҳо мехоҳанд, расонаҳои мухолифро банданд, зеро медонанд, ки хатарноктарин рақибашон ҳақиқат аст. Ҳукумати Владимир Путин дар Русия низ ҳамин гуна шуруъ шуда буд. Телевизиони НТВ, ки ҳукуматро танқид мекард, дар соли 2001 аз сӯи "Газпром" харида шуд. Мо розӣ нестем, ки Лаҳистон ҳамон масиреро паймояд, ки Русияву Маҷористон паймуданд. Мо барои расонаҳои мустақил озодии иқтисодӣ талаб дорем", - омадааст дар изҳороти фаъолон.
Ярослав Курский, муовини сармуҳаррири нашрияи лаҳистонии Gazeta Wyborcza дар гирдиҳамоӣ гуфт: "Интихоботи ахири президентӣ нишон дод, ки мо, ҳамаи расонаҳо бояд ҳампаймон бошем. Бидуни ҳамбастагӣ озодӣ вуҷуд надорад. Агар мо ҳампаймону ҳамраъй бошем, мо озод хоҳем буд ва агар мо озод бошем, пирӯз хоҳем шуд".
Шуруъ аз соли 2015 Лаҳистон дар баҳогузории озодии расонаҳо аз мақоми 18 ба мақоми 62 пойин омад ва пойинтар аз Нигерия, Арманистон ва Чилӣ қарор гирифт.