Ссылки доступа

Президенти пешини Украина дар хиёнат ба давлат айбдор шуд


Президенти пешини Украина Пётр Порошенко дар хиёнат ба давлат ва мусоидат ба терроризм гумонбар дониста шуд. Зидди ӯ бо гумони хариди ангишт аз ҷудоихоҳони рӯ ба Русия дар Донбасс парванда боз кардаанд.

Хабаргузории УНИАН танҳо дар бораи парвандаи хиёнат ба давлати Порошенко иттилоъ дода, дар аввал ба котиби пешини Шӯрои амнияти Украина Александр Турчинов истинод мекард. Ҳоло хабаргузорӣ ба ҷои Турчинов "як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ" навиштааст.

Худи Порошенко дар хориҷ аз Украина қарор дошта, аз эъломи айб тавассути почта огаҳ карда шудааст.

Ҷумҳуриҳои худхондаи ҷудоихоҳ дар Украина созмонҳои террористӣ эълом шудаанд. Пештар дар доираи парвандаи хариди ангишт аз ҷудоихоҳон зидди раиси Шӯрои сиёсии Ҳизби "Платформаи мухолифон барои ҳаёт" Виктор Медведчук айби хиёнат ба давлат эълом шуда буд.

Раиси Хадамоти амнияти Украина Иван Баканов 8 октябри соли равон хабар дода буд, ки ин ниҳод эҳтимоли "маслиҳат"-и Медведчук бо Порошенкоро таҳқиқ мекунад.

XS
SM
MD
LG