Ба гуфтаи Иргашев, ҳеч кадом аз 150 фирории бозгашта кушта ва ё зиндонӣ нашудааст. Намояндаи вижаи президенти Узбекистон афзуд, роҳбарони толибон амнияти шаҳрвандонашонро кафолата дода ва ба афроди бозгашта халале эҷод накардаад.
Дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Тошканд Иргашев гуфт, ҳукумати Узбекистон тасмим надорад, ки фирориёни афғонистониро иҷборан ба кишварашон баргардонад.
Рӯзи 20 декабр Тошканди расмӣ бори аввал дар бораи 150 афғонистоние иттилоъ дод, ки 14 август дар марзи Афғонистон бо Узбекистон ҷамъ омада ва баъдтар аз сӯи Узбекистон ба ватанашон баргардонида шуда буданд.
"Дар Тирмиз мо барои паноҳандагон урдугоҳе насохтаем. Дар рӯзҳои 14-15 август дар Тирмиз наздики 150 фирории афғонистонӣ ҷамъ шуда буд, ки оби Омуро убур карда, ба ин тарафи марз гузашта буданд", - гуфт Иргашев.
Рӯзи 15 август, чанд соат пеш аз суқути Кобул, 585 низомии афғонистонӣ ҳамроҳ бо хонаводаҳояшон, бо чархболу тайёра вориди Узбекистон шуданд.
Бархе аз он низомиҳо аз Узбекистон ба кишварҳои севум паноҳ бурданд.