Ссылки доступа

Интиқоди сахти Эмомалӣ Раҳмон аз низоми маорифи Тоҷикистон


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 21-уми декабр дар паёми солонаи худ ба порлумон, аз афзоиши ҳаҷми маоши кормандони соҳаи гуногун хабар дод. Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гуфт, ки аз сар аз январи соли оянда музди меҳнати низомиёни тоҷик 25 дарсад боло бурда мешавад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба порлумон, аз низоми маорифи кишвар ба шиддат интиқод кард. Ӯ гуфт, ки дар маҷмӯъ бахши маорифи кишвар ниёз ба дигаргуниҳо дорад.

"Барномаҳо кӯҳна аст, конспектҳо кӯҳна аст, аксари омӯзгорони мо системаҳои нави кор кардан бо донишомӯзонро намедонанд, мо худамон худамонр фиреб мекунем, фақат диплом, коғаз медиҳем, реформа кардан лозим",-афзуд оқои Раҳмон.

Вай дар ин росто пешниҳод кард, бояд қонунеро ба тасвиб расонд, ки баъди 10 сол танҳо касоне аъзои ҳукумат ва хизматчии давлатӣ бошанд, ки ду забони хориҷиро мисли забони модариашон медонанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 21-уми декабр дар паёми солонаи худ ба порлумон, аз афзоиши ҳаҷми маоши кормандони соҳаи гуногун хабар дод. Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гуфт, ки аз сар аз январи соли оянда музди меҳнати низомиёни тоҷик 25 дарсад боло бурда мешавад.

Ҷаноби Раҳмон ҳамчунин пешниҳод кард, ки аз аввали июни соли оянда маоши кормандони бахши маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва будҷавӣ, стипендияи донишҷӯён 20 дарсад боло бурда шавад. Ҳамин тавр андозаи нафақаи ятими кулл 25 дарсад ва музди ҳадди ақал 50 фоиз зиёд карда мешавад.

Оқои Раҳмон пешниҳод кард, ки андозаи ҳаҷми ақали маош дар кишвар 600 сомонӣ муқарарр карда шавад. Айни ҳол дар кишвар маоши ҳадди ақал ҳудуди 400 сомонӣ ва маоши миёна каме бештар аз 1300 сомонӣ аст. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ маоши миёна дар Тоҷикистон аз ҳама камтар аст ва ба бовари коршиносон, ин боиси эҷоди ангеза барои фасод мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ҳамчунин гуфт, ки дар солҳои истиқлол 75 дарсади тамоми системаи энержии кишвар кишвар бозсозӣ шуд, ҳудуди 287 нерӯгоҳҳои хурду бузург бунёд шуд. Вай афзуд, ки дар даҳ соли гузашта системаи ягонаи энержӣ ба миён оварда шуд ва 59 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ба ин соҳа ҷалб гашт. Сӯҳбати раисиҷумҳур аз рушди соҳаи энержӣ дар ҳолест, ки ин шабу рӯз дар бархе минтақаҳои кишвар қатъи нерӯи барқ идома дорад. Мақомот ҳамвора маҳдудият дар барқрасониро ба корҳои "профилатктикӣ" рабт медиҳанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба порлумон, ки ҳамакнун аз ҳама шабакаҳои радио ва телевизиони давлатӣ мустақиман пахш мешавад, роҷеъ ба масоили иҷтимоӣ, иқтисодӣ, нақлиёт, беҳдошт, энержӣ ва бахши сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ суҳбат намуд. Ӯ дар паёми худ, солҳои 2022-2026-ро "Солҳои рушди саноат" эълон кард.

Сокинон аз Эмомалӣ Раҳмон чӣ мехоҳанд?
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:37 0:00

Ҳамасола Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, ду палатаи порлумони Тоҷикистон ширкат мекунад ва дар бораи фаъолиятҳои гузашта ва ояндаи ҳукумат суҳбат мекунад.

Хабаргузории давлатии "Ховар" қаблан хабар дода буд, ки президент "дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" паём ироа хоҳад кард. Маъмулан, президенти Тоҷикистон дар паёми худ аз муввафақиятҳо суҳбат мекунад ва хеле кам дар бораи камбудии кори ҳукумат изҳори назар мекунад.

Мухолифон мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон ҳеч гоҳ дар паёми худ дар бораи мушкили муҳоҷирони тоҷик ва нарх дар бозорҳову маҳдудияти озодии баён ва дину иқтисод ишора намекунад.

XS
SM
MD
LG