Ссылки доступа

Роҳбари СҶТ: беҳтар аст, ҷашнро бекор кунем то ин ки ҳаётро аз даст диҳем


Иллюстративное фото

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ба бозбинии таҷлил аз ҷашнҳои солинавӣ даъват кард, то ин ки ба ин тартиб аз паҳншавии навъи "омикрон"-и коронавирус пешгирӣ шавад.

"Бекорсозии ҷашн беҳтар аст назар ба ин ки ҳаётро аз даст диҳем", - гуфт Тедрос Гебрейесус, раиси (СҶТ) дар як нишасти хабарӣ дар Женева. Вай ҳамчунин илова кард, ки навъи нави коронавирус нисбат ба навъҳои пешин бо суръаттар паҳн мешавад ва ба афроди воксингирифта низ сироят мекунад.

Навъи "омикрон"-и коронавирус охири моҳи ноябр дар Африқои Ҷанубӣ ошкор шуд.

Чанде аз кишварҳо ба далели паҳншавии ин навъи коронавирус дубора дарҳои худро бастан ва маҳдудият ҷорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG