Ссылки доступа

"Crude Accountability" низоми Туркманистонро "клептократӣ" номид


Созмони байналмилалии "Crude Accountability" дар гузориши худ аз Туркманистон ҳамчун кишвари "клептократияи намунавӣ" ном бурдааст, ки дар он даромадҳои давлат ғорат шуда, президент миллиардҳо долларро ба тарҳҳои нолозим харҷ мекунад.

Дар гузориш омадааст, буҳрони сахти ҳукмфармо дар Туркманистон нишон медиҳад, ки пулҳои давлатӣ ғайримақсаднок истифода мешаванд.

Муаллифони гузориш гуфтаанд, Туркманистон баъди сари қудрат омадани Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов кишвари пӯшидатар шудааст.

Ба гуфтаи муаллифон, тиҷоратҳо дар Туркманистон асосан дар дасти панҷ хоҳари президент ҳастанд. Аз ҷумла хоҳарбузурги президент Дурдинабот, шавҳараш Аннаназар Раҷабов ва ду писари ӯ Шомурод ва Ҳоҷимурод Раҷабовҳо тиҷоратҳои асосиро назорат мекунанд.

Бонуфузтарин шахси берун аз хонаводаи президент дар Туркманистон Виктор Храмов аст, ки баъди даргузашти раисҷумҳури пешини ин кишвар Ниёзов низ мақоми мушовирии президентро ҳифз кардааст. Мушовири Бердимуҳаммадов дар умури нафту газ Игор Макаров ҳам яке аз шахсони бонуфуз шумурда мешавад.

XS
SM
MD
LG