Ссылки доступа

Додгоҳи Қазоқистон ҳукми 16 гумонбар дар қочоқи духтарони ноболиғро эълом кард


Додгоҳи шаҳри Чимкенти Қазоқистон 21 декабр ҳукми 16 гумонбар дар доираи парвандаи "қочоқи инсон ва истисмори шаҳвонӣ"-ро эълом кард.

13 гумонбар ба муҳлатҳои гуногун, аз се моҳ то 14 сол зиндонӣ ва 3 тани дигар ба далели "сулҳи ҷонибҳо" озод гаштанд.

Гумонбарон бар асоси бандҳои "Ташкил ва раҳбарии гуруҳи ҷиноии фаромиллӣ", "Қочоқи инсон", "Пулшуӣ" ва "Убури барқасдонаи ғайриқонунии марзи давлатӣ" айбдор дониста шудаанд.

Ба иттилои тафтишот, раҳбари гуруҳ Саодат Азадоваи 36-сола ва аъзои гуруҳ аз соли 2016 то соли 2020 бо қочоқи инсон, аз ҷумла интиқоли духтарони ноболиғ ба шоҳигарии Баҳрайн машғул будаанд. Дар доираи ин парванда 36 кас ҷабрдида эътироф шуда, аксари онҳо тарбиятдидаи ятимхонаҳо ё аз хонаводаҳои камбизоат мебошанд.

Ҳангоми эъломи ҳукм дар додгоҳ танҳо як ҷабрдида ҳузур дошт ва ӯ низ аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ кард.

Дар миёни гумонбарон ду шаҳрванди Русия низ ҳаст, ки дар Қазоқистон кору зиндагӣ мекарданд.

XS
SM
MD
LG