Ссылки доступа

Толибон ба гирдиҳамоиҳо иҷозат доданд: "танҳо баргардонии маблағҳо аз хориҷ талаб шавад"


Садҳо тан аз афғонистониҳо дар шаҳри Кобул дар як гирдиҳамоӣ талаби баргардонии миллиардҳо доллари марбут ба Афғонистонро карданд, ки дар хориҷ аз ин кишвар банд мондааст.

Ҳукумати толибон ба ин гирдиҳамоӣ иҷозат дод ва неруҳои толибон амнияти эътирозгаронро таъмин карданд.

Эътирозгарон то назди сафорати ИМА дар Кобул роҳпаймоӣ кардаву шиори "Мо ҳам ғизо мехоҳем" ва "Маблағҳои моро баргардонед"-ро сар доданд.

Баъди ғасби қудрат дар Афғонистон аз сӯи толибон, созмонҳои байналхалқӣ ва чанд кишвари дигар дороиҳои марбут ба Кобулро масдуд кардаву кӯмаки молӣ ба Афғонистонро қатъ намуданд.

Толибон то ин замон ба гирдиҳамоиҳои осоишта иҷоза намедоданд.

XS
SM
MD
LG