Ссылки доступа

Ба хонаводаҳои камбизоат дар Узбекистон $70 пардохт мекунанд


Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон фармон "Дар бораи чораҳои кӯмак ба аҳолии камбизоат ва рушди минбаъдаи ҳифзи иҷтимоӣ"-ро имзо кард.

Дар ин бора саҳифаи Telegram-и "Нигоҳ"-и марбут ба дастгоҳи президенти Узбекистон хабар дод.

Бино ба ҳуҷҷати имзошуда, дар моҳи декабри соли ҷорӣ хонаводаҳои зер дар ҳаҷми 73 доллар кӯмакпулӣ дарёфт хоҳанд кард:

  • хонаводаҳое, ки давоми соли 2021 дар рӯйхати "Дафтари оҳанин" сабт шудаанд;
  • хонаводаҳое, ки ба далели аз даст додани ноновар нафақа ва кӯмакпулӣ мегиранд;
  • хонаводаҳое, ки барои доштани фарзанди маъюб нафақа мегиранд.
XS
SM
MD
LG