Ссылки доступа

Пулиси Қирғизистон гумонбар дар қатли духтарчаи 9-соларо озод кард


Марде, ки дар Қирғизистон бо гумони куштори духтарчаи 9-сола бо номи Сумая дастгир гашта буд, озод шудааст.

Вакили дифои гумонбар Мунар Сулайманов дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки шахси зери ҳимояи ӯро ҳамчун шоҳид бозпурсӣ ва озод кардаанд.

Озод шудани гумонбарро дар идораи пулиси маҳаллӣ тасдиқ карда, гуфтанд, баъди муайян шудани натиҷаҳои ташхиси судӣ-тиббӣ тасмим гирифта мешавад.

Пулиси вилояти Ҷалолободи Қирғизистон 23 декабр аз ошкоршавии куштори Сумаяи 9-сола, ки моҳи ноябри соли равон ҷасадашро пайдо карда буданд, хабар дод.

Сумая миёнаҳои моҳи ноябри соли равон дар роҳ аз мактаб ба сӯи хона бедарак шуда, баъди як ҳафта ҷасадашро пайдо карданд.

XS
SM
MD
LG