Ссылки доступа

Муҳокимаи парвандаи мансабдоронро дар Узбекистон мехоҳанд, тариқи расонаҳо нишон диҳанд


Дар Узбекистон тарҳи қонунеро ба баррасӣ гузоштанд, ки шаффофияти фаъолияти мақомоту муассисаҳои давлатиро бояд таъмин кунад.

Тарҳи мазкур пахши муҳокимаи додгоҳии мансабдорони Узбекистонро тавассути расонаҳо пебшинӣ мекунад. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд.

Дар ин тарҳ зикр шудааст, ки бо розигии тарафайн раванди муҳокимаи додгоҳӣ тариқи расонаҳо нишон дода хоҳад шуд.

Пештар аз ин ҳукумати Узбекистон Кодекси рафтори мансабдори давлатиро таҳия карда буд, ки қарор аст, соли оянда нашр шавад.

XS
SM
MD
LG