Ссылки доступа

Русия аз пас гирифтани неруҳояш аз марзи Украина хабар дод


Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки қисме аз неруҳояшро аз марз бо Украина пас гирифтааст. Манзури вазорат ҷузъу томҳо минтақаи низомии Ҷанубу Русия аст.

"Неруҳои Округи низомии Ҷануб размоишро ба анҷом расониданд. Бештар аз 10 ҳазор низомӣ ба минтақаҳои доимии адои хизмати ҳарбии худ баргаштанд", - хабар дод вазорати мудофиаи Русия.

Ба иттилои ин ниҳод, машқҳо як моҳ давом кардаанд.

Президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 25 декабр бо як гурӯҳ вакилони Сенат ва Конгрес аз Ҳизби демократии ИМА суҳбати видеоӣ анҷом дод.

Ба навиштаи сомонаи президент, Зеленский бо онҳо мавзуи ҳузури низомиёни рус дар марзи Украина ва вазъияти Донбасро баҳс кард.

Дар Донбас аз соли 2014 ба ин сӯ ҷудоиталабони рӯ ба Русия бо низомиёни Украина ҷанг мекунанд.

Зеленский гуфт, ки саҳми ИМА-ро дар ҳал кардани низоъ дар хоки Украина муҳим медонад.

Ӯ гуфт, ҳанӯз низомиён рус аз марзҳои Украина берун нашудаанд.

ИМА ва кишварҳои ғарбӣ бар ин назаранд, ки Русия қасди ҳамла ба Украинаро дорад. Ба иттилои Хадамоти кашфи ИМА, дар наздикии марзи Украина 100 ҳазор низомии рус ҷойгир шудааст.

Мақомоти рус хабари ҳамла ба хоки Украинаро нодуруст медонанд ва мегӯянд, чунин ният надоранд.

XS
SM
MD
LG