Бино ба иттилои TradeArabia, ин созишнома ҳамкорӣ дар бахши воридоти маҳсулоти ниёзи аввал, дастгирии соҳаи кишоварзӣ ва нассоҷӣ, сармоягузории бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкории хурду миёна, дастгирии савдо ва сармоягузорӣ дар вилоятҳои афзалиятноки Туркманистонро пешбинӣ мекунад.
Маросими имзои созишнома онлайнӣ бо иштироки раиси созмон Хани Салем Сонбол ва раиси Бонки фаъолиятҳои иқтисодии берунии Туркманистон Раҳимбердӣ Ҷабборов баргузор гаштааст.
Созишномаи мазкур баъди таъйиди дархости ҷониби Туркманистон ба узвияти ITFC ба имзо расидааст. Ишқобод барои шомил шудан ба узвияти созмони мазкур моҳи сентябри соли гузашта дархост фиристода буд.