Вай ҳамзамон пешниҳод кардааст, ки баъди ҳабси маъмурӣ ҳуқуқи ронандагии онҳо бекор шавад.
"Бо назардошти он ки ҳамасола дар натиҷаи садама дар роҳҳо ҳазорон кас мефавтад, ман бар ин назарам, ки бояд ин масъала ҳаётан муҳим арзёбӣ шавад", - гуфт Алламҷонов.
Дар қонунгузории амалкунандаи Узбекистон ҷазо барои дар сурати сархушӣ рондани нақлиёт аз 1 солу 6 моҳ то 3 сол маҳрум кардан аз ҳаққи ронандагӣ ва ҷарима дар ҳаҷми 25 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин шудааст.