Ссылки доступа

Президенти Узбекистон ба 980 кудаки ятим планшет туҳфа кардааст


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба Соли нав ба 980 кудаки аз 12-сола боло, ки дар ятимхонаҳои ин кишвар тарбият мегиранд, планшетҳои замонавӣ туҳфа кардааст.

Вазорати маорифи Узбекистон иттилоъ додааст, ки раисҷумҳури он кишвар дар арафаи Соли нав ба кудакони ятим туҳфаҳо тақдим мекунад, ки иборат аз ширинӣ, лавозимоти дарсӣ ва энсиклопедияҳо мебошанд.

Ҳамчунин соли равон 980 кудаки ятими аз 12-сола боло планшет дарёфт кардаанд.

Вазорати маорифи Узбекистон 20 декабр хабар дода буд, ки баргузории ҳамагуна чорабиниҳои солинавӣ дар мактабҳои миёнаи ин кишвар ба далели пандемияи коронавирус манъ карда шудааст. Вале вазорат шоми он рӯз бо нашри иттилоияи дигар дубора ба чорабиниҳои солинавӣ дар мактабҳо иҷозат дод.

XS
SM
MD
LG