Ссылки доступа

Эмомалӣ Раҳмон бори чорум президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи Ассамблеяи кулли ҳисоботию интихоботии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ), ки 28-уми декабр дар Душанбе баргузор шуд, дигарбора президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар интихоб гардид.

Дар ин ҷаласа худи Эмомалӣ Раҳмон иштирок надошт. Ӯ дар ҳоли ҳозир барои иштирок дар ҷаласаи ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар Санкт-Петербурги Русия қарор дорад.

Аъзои Ассамблея роҳбарияти Кумитаро барои давраи солҳои 2022-2024 интихоб карданд. Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ягона номзад буд. Бар асоси Оинномаи КМОТ президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар барои чаҳор соли оянда интихоб шудааст. Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон бори чорум аст, ки раиси КМОТ интихоб мешавад. Аз ин пеш ӯ ба ин вазифа солҳои 2009, 2013 ва 2017 интихоб шуда буд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, муовини аввали раиси Федератсияи тенниси кишвар Абдулло Раҳмонзода ва раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Дилшод Назаров ноибони президенти КМОТ ва Муҳаммадшо Абдуллозода дабири кулли КМОТ тасдиқ шуданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти КМОТ, дар ҷаласаи ассамблея ҳисоботи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар солҳои 2017-2021 шунида шуд. Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои зимистонаи Осиё - Саппоро-2017, Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ - Боку-2017, Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ - Ашқобод-2017, Бозиҳои Осиё - Ҷакарта/Палембанг-2018, Бозиҳои олимпии наврасон - Буэнос Айрес-2018, Бозиҳои зимистонаи Бачаҳои Осиё - Сахалин-2019, Бозиҳои олимпӣ - Токио-2020 иштирок карданд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 3 медали биринҷӣ, дар Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ 51 медал (3 тилло, 14 нуқра, 34 биринҷӣ), дар Бозиҳои Осиё 7 медал (4 нуқра, 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Натиҷагирии фаъолияти Кумита дар ҳолест, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токиои Ҷопон натавонистанд медал ба даст биёранд. Зимнан, аз байни кишварҳои собиқи Шӯравӣ ва Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон бе медал монд.

Мутахассисони варзидаи соҳа дар Мизи гирди Радиои Озодӣ, ки 5-уми август доир гардида буд, барои ислоҳи вазъ ва омодагии хуби варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои навбатии олимпии соли 2024 дар Пориси Фаронса пешниҳодҳои мушаххас карданд.

Аз ҷумла пешниҳод шуд, ки барои натиҷаҳои ғайриқаноатбахши варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Токио-2020 шахсони масъул – раҳбарони Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, федератсияҳои дахлдори варзишӣ ва сармураббиёни дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ – аз вазифаашон истеъфо диҳанд.

Сохтори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш тағйир дода, кумитаи варзиш дар алоҳидагӣ фаъолият намояд ва ба роҳбарии соҳа мутахассисони пуртаҷрибаву кордон таъйин гарданд.

Маблағгузорӣ ба соҳа ҳам аз ҷониби ҳукумат ва ҳам аз ҷониби сарпарастон ба таври кофӣ ба роҳ монда, дар ҷумҳурӣ Маркази омодагии олимпӣ бунёд карда шавад.

Варзишгарони касбӣ – узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон - бо маоши барои худ ва оилааш басанда, шароити хуби тамрин, ғизою витамин таъмин карда, бо машқҳои дастаҷамъӣ фаро гирифта, барои ширкати онҳо дар мусобиқоти байналмилалӣ (дар як сол на кам аз 10-12 мусобиқа) чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Ҳамчунин дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ натиҷаҳои пасти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Токио-2020 интиқод шуд. Вале масъулини соҳа ба танқиду пешниҳодҳои мутахассисону коршиносон ва ҳаводорони варзиш вокуниш нишон надоданд.

XS
SM
MD
LG