Ссылки доступа

Рӯзноманигорон дар Боку зидди қонуни маҳдудкунандаи расонаҳои мустақил эътироз карданд (видео)


Дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон рӯзноманигорон ва расонаҳои мустақил зидди тарҳи қонун "Дар бораи расонаҳо" эътироз карданд.

Эътирозгарон шиорҳои "Озодӣ ба расонаҳо", "Мо бо маҳдудсозии шумо маҳв намешавем" ва "Нест бод қонуни саркӯбгар" сар доданд.

Хадича Исмоилова, рӯзноманигори маъруфи таҳқиқотгар аз порлумон талаб кард, ки то замони бекорсозии меъёрҳои маҳдудкунандаи фаъолияти расонаҳои мустақил баррасии ин тарҳро канор гузорад.

Эътирозгарон гуфтанд, тарҳи қонун дар сурати қабул шудан саркӯбро бештар ва имкониятҳои давлатро барои муайян кардани он ки кӣ рӯзноманигор бошад, кӣ не - зиёдтар мекунад.

Пулис ба гирдиҳамоии рӯзноманигорон дахолат ва шиорҳои онҳоро ҷамъ кард.

XS
SM
MD
LG