Ссылки доступа

Кӯдакони аз 12 то 18-соларо дар Узбекистон воксини Pfizer заданд


Дар Узбекистон барои кӯдакони аз 12 то 18-сола, то рӯзи 27 декабр, бештар аз 600 ҳазор вояи воксини Pfizer истифода шудааст.

Ба иттилои вазорати ҳифзи тандурустии он кишвар, бештар аз 432 ҳазор кӯдак як воя ва зиёда аз 174 ҳазор кӯдак ду воя воксини зидди коронавирус гирифтаанд.

Ба иттилои ниҳоди мазкур, аз оғози воксинзании сартосарӣ дар моҳи апрел дар Узбекистон то ин замон 38 миллиону 680 ҳазор вояи воксини зидди коронарвирус истифода шудааст.

Дар он кишвар, ба иттилои расмӣ, дар маҷмуъ 1484 кас аз вабои коронавирус фавтидааст.

XS
SM
MD
LG