Ссылки доступа

Додгоҳи Алмато ҳукми зиндони 13 фаъоли ҷамъиятиро бетағйир боқӣ гузошт (видео)


Додгоҳи зинаи болоӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 28 декабр шикояти 13 фаъоли ҷамъиятиро бетағйир боқӣ гузошт, ки дар иштирок дар созмони мамнуъ айбдор шудаанд.

Додгоҳи зинаи болоӣ гуфт, айби онҳо тасдиқ шудааст.

Галим Нурпеисов, вакили мудофеи фаъолон гуфт, ки тасмим доранд, ба зинаи дигари додгоҳӣ ва додгоҳи байналхалқӣ муроҷиат кунанд.

Рӯзи 11 октябри соли ҷорӣ додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон чаҳор тан аз фаъолонро 5-солӣ зиндонӣ кард. 9 фаъоли дигар ба маҳдудияти озодӣ аз 1 то 2 сол маҳкум шуданд. Додгоҳ ҳамчунин онҳоро аз машғул шудан ба фаъолиятҳои ҷамъиятиву сиёсӣ аз 2 то 5 сол манъ кард. Фаъолон ин ҳукмро қабул надоранд.

XS
SM
MD
LG