Ба огаҳии Федератсияи шатранҷи Узбекистон, Абдусатторови 17-сола Магнус Карлсен, Ян Непомняший ва дигаронро шикаст дода, тоҷро ба даст овардааст.
Нодирбек Абдусатторов дар марҳалаи ниҳоӣ шатранҷбози рус Ян Непомняшийро бо ҳисоби 1,5:0,5 шикаст додааст.
Ӯ пештар бар қаҳрамони норвегӣ Карлсен пирӯз шуда буд.
Сухангӯи президенти Узбекистон Шерзод Асадов хабар дод, ки раисҷумҳури ин кишвар Шавкат Мирзиёев ва ҳамаи аъзои ҳайат ҳангоми баргашт аз шаҳри Санкт-Петербург тавассути ҳавопаймо бозии Абдусатторовро онлайнӣ тамошо мекарданд.