Интизор меравад, дар ҷаласаи имрӯз раиси порлумони Қирғизистон низ интихоб шавад. Як манбаъ ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ба эҳтимоли зиёд, ягона номзаде, ки ба ин мақом пешбарӣ мешавад, Талат Мамитов, раиси пешини порлумони Қирғизистон хоҳад буд.
Бар асоси натиҷаҳои ниҳоӣ, ҳизбҳои "Ота-Журт Қирғизистон" (17,3%), "Ишеним" (13,63%), "Интимак" (10,99%), "Алянс" (8,34%), "Бутун Қирғизистон" (7,04%) ва "Ийман Нуру" (6,15%) соҳиби курсӣ дар порлумони Қирғизистон шуданд.
Ҳамчунин аз ҳавзаҳои якмандатӣ 34 номзад вориди порлумон гаштааст.
Дар Қирғизистон 28-уми ноябр интихоботи порлумонӣ баргузор шуд. Ҳизбҳои мухолифи Қирғизистон натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумонии ин кишварро, ки рӯзи якшанбе барпо шуд, рад карда, Комиссияи марказии интихоботро дар тақаллуб айбдор намуданд.