Ссылки доступа

Вакили қазоқистонӣ рӯзноманигорро барои суоли бемаврид зад ва дертар истеъфо дод (видео)


Бекболот Тлеухан, вакили порлумони Қазоқистон истеъфо дод. Истеъфои ӯро ҳизби ҳокими "Нур Отан" рӯзи 29 декабр қабул кард.

Тлеухан барои суоли бемаврид рӯзноманигор Айнур Коскинаро латту кӯб кард. Коскина мехост, фикри вакилро дар бораи бисёрҳамсарӣ дар Қазоқистон пурсад. Вакил дар посух ӯро латту кӯб кард. Рӯзноманигор аз ташхиси тиббӣ гузашта ва аз болои вакил шикоят навишт.

Аммо истеъфои Тлеухан ба латту кӯби рӯзноманигор рабт надорад. Ӯро ноиб-президенти Конфедератсияи ҷаҳонии варзиши этникӣ таъйин кардаанд, ки идораи кориаш дар шаҳри Истамбули Туркия аст.

Ин вакили порлумони Қазоқистон бо изҳороти пурсарусадояш маъруф буд. Вай пештар дар хитоб ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфта буд: "Шумо аз куҷо маош мегиред? Аз Амрико мегиред! Шумо инҷо ба хотири Амрико даву тоз доред. Шумо манфиатҳои киро мехоҳед? Агар аз канора бубинем, гӯиё шумо манфиатҳои қазоқҳоро ҳимоят мекунед! Вале дар воқеъ шумо ин кишварро вайрон мекунед!".

XS
SM
MD
LG