Узви порлумони Аврупо Ружа Тун рӯзи 29 декбар дар шаҳри Брюссел ба вазири қазоқистонӣ рӯйхати афродеро таслим кард, ки дар Қазоқистон бо ангезаҳои сиёсӣ таъқиб мешаванд.
"Ин мулоқоти корие буд, ки баъди он Ружа Тен рӯйхати мазкурро ба ман дод. Ҳангоми ғизои шом ман ба вай гуфтам, ки дар Қазоқистон маҳбуси сиёсӣ мавҷуд нест ва нахоҳад буд, зеро, ба бовари мо, ин афроде ҳастанд, ки ҷиноят содир кардаанд ва сиёсӣ сохтани ҳолати мазкурро мо нодуруст медонем", - гуфт Бекетаев.
Вай ҳамчунин афзуд, дар бораи афроде, ки маҳбуси сиёсӣ унвон мешаванд, маълумоти алтернативӣ ба порлумони Аврупо ирсол шудааст.
Ружа Тун рӯйхати маҳбусони сиёсии Қазоқистонро се моҳ пеш ба Марат Бекетаев дода буд. Тун дар шабакаҳо иҷтимоӣ он замон навишта буд, ки: "Мо ҳамкорӣ мехоҳем, аммо талаб мекунем, нисбати афроде, ки ҳуқуқи инсонро помол мекунанд, чораҷӯӣ шавад".
Ҳомиёни ҳуқуқ дар Қазоқистон наздики 20 зиндониро ҳамчун маҳбуси сиёсӣ унвон мекунанд.