Ссылки доступа

Путин дархости гуфтугӯи телефонӣ бо Байденро кард


Президенти ИМА Ҷо Байден имрӯз, панҷшанбеи 30 декабр бо президенти Русия Владимир Путин гуфтугӯи телефонӣ анҷом хоҳад дод.

Дар ин бора расонаҳо бо такя ба Шӯрои амнияти миллии ИМА хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, ин гуфтугӯро президенти Русия дархост кардааст. Эмил Хорн, раиси Шӯрои амнияти миллии ИМА гуфт, Байден ба гуфтугӯ розигӣ додааст, зеро "ба ин бовар аст, ки вақте қазия ба Русия рабт мегирад, гуфтугӯи мустақими ду роҳбарро чизи дигаре наметавонад, иваз кунад".

Рӯзи 17 декабр мақомоти Русия ду тарҳро дар мавриди кафолати бехатарӣ муаррифӣ карданд. Яке ба НАТО ирсол шудааст, дигарӣ ба ИМА. Талаби асосии Москва - даст кашидани НАТО аз густариш дар Шақр, мушаххасан қабули аъзои нав аз ҳисоби кишварҳои пешини шӯравӣ ва насб ҷо додани пойгоҳҳои низомӣ дар ҳудуди онҳо.

Москва талаби кафолатро дар ҳоле мекунад, ки муносибатҳояш бо Ғарб якбора шиддат гирифтаанд. Ғарб мақомоти Русияро дар омодагӣ ба ҳамла ба Украина ва ҷо додани неру дар марз бо ин кишвар айбдор мекунанд. Мақомоти ИМА гуфтанд, дар сурати ҳамлаи нави Русия ба истиқлоли Украина Москва ба таҳримҳои бесобиқа рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Бо ин вуҷуд, ҳукумати Байден гуфт, омодаи гуфтугӯ бо Русия ҳаст.

XS
SM
MD
LG