Ссылки доступа

Дар Туркманистон назорати "низоми ниқобпӯшӣ" сахттар шудааст


Пулиси шаҳри Марии Туркманистон назорати риояи қоидаҳои пешгирӣ аз паҳн шудани коронавируси навро сахттар кардааст.

Маъмурони пулис ва қудратиҳо дар либоси мулкӣ дар кӯчаву бозорҳо гашта, онҳоеро боздошт ва ҷарима мекунанд, ки ниқоб намепӯшанд.

"Фикр мекунед, ҳамаи кормандони пулис дар бозорҳои Байрамалӣ ва Мурғоб ҷамъ шудаанд. Теъдоди кормандони пулис ва қудратиҳо бо либоси мулкӣ бештар аз теъдоди муштариён аст. Як муштарӣ кушиши чашидани маҳсулот ё гирифтани ниқобашро кунад, зуд дар наздаш ҳозир мешаванд", - иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Як муштарие, ки дастгир шудааст, ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, маъмурони пулис хостанд, ӯро барои риоя накардани низоми ниқобпӯшӣ 50 манат ҷарима кунанд, вале ӯ гуфтааст, ки ин қадар пул надорад. Дар ниҳоят вайро бар ивази 10 манат раҳо кардаанд.

Ба иттилои хабарнигори радио, дар атрофи борҳои шаҳри Марӣ мошину автобусҳои хидматии пулис хеле зиёд ба назар мерасад.

XS
SM
MD
LG