Ссылки доступа

"Омикрон" чемпионати ҷаҳонии хоккейро "ба ҳам зад"


Федератсияи байналмилалии хоккей тасмим гирифтааст, чемпионати ҷаҳон миёни дастаҳои мунтахаби ҷавононро, ки 26 декабр дар Канада оғоз шуд, ба далели мубталошавии гуруҳии иштирокдорон ба "омикрон" қатъ кунад.

Рӯзи сешанбе мубталошавии ду хоккейбози дастаи ИМА ба "омикрон"- намуди нави коронавирус ошкор шудааст. Қарор буд, варзишгарони амрикоӣ шоми он рӯз бо хоккейбозони Швейтсария вориди рақобат шаванд, вале дастаи ИМА ба рӯи ях набаромад.

Баъди як рӯз мубталошавии бозигарони дастаи мунтахаби Чехия низ ба "омикрон" ошкор карда шуд. Ин даста низ маҷбур шуд, аз рақобат бо тими мунтахаби Финляндия даст кашад ва бохти техникиро эътироф кунад.

Маъмурияти дастаҳое, ки аъзои онҳо ба "омикрон" гирифтор шудаанд, гуфтанд, бозигарон тамоми қоидаҳои беҳдоштиро риоя мекарданд, вале бо вуҷуд ба ин намуди вирус мубтало шуданд.

Навъи "омикрон"-и коронавирус охири моҳи ноябр дар Африқои Ҷанубӣ ошкор шуда, коршиносон суръати паҳншавии онро хеле тез меноманд.

XS
SM
MD
LG