Аз ҷумла, Путин пешниҳод кардааст, шахсоне, ки баъди дарёфти шаҳрвандии Русия ба содир кардани ҷиноятҳои вазнин, бахусус терроризм, қочоқи маводи мухаддир ё ҷиноят бар зидди давлат айбдор дониста шудаанд, шаҳрвандияшон бекор карда шавад.
Ҳамчунин дар лоиҳа гуфта шудааст, ки ваколати қатъ кардани шаҳрвандии Русия ба Вазорати умури дохилии ин кишвар дода шавад.
Владимир Путин раванди содашудаи дарёфти шаҳрвандии Русияро низ барои шаҳрвандони пешини Иттиҳоди Шӯравӣ, фарзандони онҳо, хориҷиҳое, ки яке аз наздиконашон дар Русия зиндагӣ мекунад, бозмондаҳои онҳое, ки муқими доимии Империяи Русия ё Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, пешниҳод кардааст.
Ин қонун дар сурати қабул шудан салоҳиятҳои президенти Русияро ҳам дар масъалаҳои марбут ба шахсоне, ки ҳаққи дарёфти шаҳрвандии ин кишварро доранд, бештар мекунад. Раисҷумҳури Русия бар асоси ин қонун, ҳақ дорад, шаҳрвандии кудаконеро, ки аз сӯи хориҷиҳо ба фарзандхонӣ қабул шудаанд, сарфи назар аз макони зист бекор кунад.