Ссылки доступа

Сокинони Қашқадарё баъди пешвози Мирзиёев бемаош монданд


Кормандони муассисаҳои "буҷавӣ"-и вилояти Қашқадарёи Узбекистон шикоят мекунанд, ки маоши моҳи декабри соли гузаштаро ҳанӯз дарёфт накардаанд.

Онҳо мегӯянд, ба далели пардохт нашудани маоши моҳи декабр маҷбур шуданд барои дастурхони солинавӣ қарз гиранд.

Нашрияи "Nasafnews.uz" дар канали телеграмии худ миёни кормандони "буҷавӣ" пурсишеро баргузор кардааст ва 95 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки маоши моҳи декабрро нагирифтаанд.

Як манбаъ дар Раёсати молияи Қашқадарё гуфт, маоши кормандон барои он пардохт нашуд, ки дар хазина пул набуд.

"Ба ҳамаи шумо маълум аст, ки президенти Узбекистон дар маросими кушодашавии корхонаи "Uzbekistan GTL" иштирок кард. Барои ин сафар як моҳ омодагӣ дида шуд. Пештар низ харҷҳои марбут ба интихобот буданд. Сипас сафири 44 кишвар аз вилояти мо боздид карданд. Бо онҳо вохӯриҳо баргузор карда шуд. Ба ҳамаи ин пул харҷ мешавад. Таъхир дар пардохти маош аз аввал маълум буд. Фикр мекунам, дар давоми ду ҳафтаи оянда низ маош намешавад", - афзуд манбаъ.

Мирзиёев 25 декабр аз ноҳияи Гузари Қашқадарё боздид ва дар маросими кушодашавии корхонаи "Uzbekistan GTL" иштирок карда буд.

XS
SM
MD
LG