Сокинони ноҳияҳои вилояти Ҷузҷони Афғонистон хабар доданд, ки дар задухӯрд аз мушакҳо низ истифода шудааст.
Дертар ин хабарро расонаҳои маҳаллии Афғонистон тасдиқ карданд. TOLOnews бо истинод ба масъулони гуруҳи Толибон хабар дод, ки тирпарониро гӯиё нахуст марзбонони Туркманистон оғоз кардаанд. Ба иттилои манбаъ, низомиёни Толибон ба маҳалли ҳодиса барои таҳқиқи марги сокини осоиштае рафта буданд, ки гӯиё аз сӯи марзбонони туркман кушта шудааст.
Хабаргузории русии ТАСС бо истинод ба нашрияи афғонии "Hasht-e subh" суханони сардори бахши иттилоот ва фарҳанги Ҷузҷон Ҳилолӣ Балхиро иқтибос овардааст, "марзбонони туркман се рӯз пеш як сокини осоиштаро ба қатл расонда, як тани дигарро латтукӯб кардаанд. Низомиёни Толибон низ ҳангоми таҳқиқи сабабҳои куштор дар посух ба амали марзбонони туркман оташ кушоданд".
Ҳар ду ҷониб дар бораи талафоти ҷоние дар натиҷаи ин задухӯрд хабар надодаанд. Ҳукумати Туркманистон низ ҳодисаро шарҳ надодааст.