Ссылки доступа

Дар Фаронса намуди нави коронавирус ошкор шуд


Донишмандони Пажӯҳишгоҳи бемориҳои сироятии Марсел намуди нави коронавирусро ошкор кардаанд.

Дар ин бора расонаҳои Фаронса хабар дода, вале дар бораи хатари намуди мазкур ва суръати паҳншавии он чизе нагуфтаанд. Намуди нави коронавирус дар сайёҳоне ошкор шудааст, ки аз Камерун ба Фаронса баргаштаанд.

Дар Фаронса рӯзҳои ахир шумори рекордии мубталоёни нав ба коронавирус - беш аз 200 ҳазор дар як шабонарӯз ба қайд гирифта мешавад. Табибон афзоиши шумори мубталоёнро ба навъи "омикрон" рабт медиҳанд, ки бори нахуст дар Африқо ошкор шуда, суръати паҳншавияш хеле зуд мебошад.

Мақомоти Фаронса барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус маҳдудиятҳои навро ҷорӣ мекунанд. Порлумони ин кишвар қонунеро баррасӣ мекунад, ки рафтан ба тарабхона, кинотеатр ва сайёҳатро бидуни шаҳодатномаи ваксина манъ мекунад.

XS
SM
MD
LG