Ссылки доступа

Дар Ишқобод намозхонии кормандони давлатӣ дар ҷои кор манъ шуд


Кормандони муассисаҳои давлатии шаҳри Ишқободи Туркманистон вазифадор шудаанд, ки дигар дар ҷои кор намоз нахонанд.

Чандин манбаъ дар шаҳри Ишқобод ба хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтанд, кормандон ҳушдор гирифтаанд, ки дар сурати иҷро накардани ин талабот ҷои кори худро аз даст медиҳанд.

"Агар намояндагони хадамти махсус намозхонии корманди давлатиеро ошкор кунанд, вай аз мақомаш барканор мешавад", - изҳор дошт манбаъ.

Дар масҷидҳои шаҳри Ишқобод панҷ вақт азон дода мешавад. Вале дари онҳо ба рӯи намозгузорон ба далели пандемияи коронавирус ҳанӯз ҳам баста аст.

Мақомоти Туркманистон бо мақсади пешгирӣ аз намозхонии кормандон дар ҷойҳои корӣ пайваста ба диндорон фишор меоранд. Даҳ сол мешавад, ки ҷудо кардани утоқҳои махсус барои намозхонӣ дар идораву корхонаҳои он кишвар манъ карда шудааст.

XS
SM
MD
LG