Ссылки доступа

Ҳукумати Қазоқистон дар пасманзари эътирозҳо ба истеъфо рафт


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳукумати ин кишварро дар пасманзари эътирозҳои оммавӣ зидди болоравии нархи газ ба истеъфо фиристод.

Ба огаҳии сомонаи президенти Қазоқистон, Алихон Смаилов, ки қаблан муовини аввали раиси ҳукумат буд, иҷрокунандаи муваққатии вазифаҳои сарвазири он кишвар таъйин хоҳад шуд.

Аъзои ҳукумати пешин то тасдиқи ҳайати ҳукумати нав вазифаҳои худро иҷро хоҳанд кард. Тоқаев ҳамчунин тағйироти кадриеро дар сатҳи муовинони раҳбарони идораҳо анҷом додааст. Аз ҷумла, муовини раиси дастгоҳи президент Мурат Нуртлеуро аз мақом барканор ва муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъйин кардааст.

Президенти Қазоқистон гуфтааст, дар вазъи ба вуҷуд омада, пеш аз ҳама вазорати энергетикаи ин кишвар, ширкатҳои "Қазмұнайгаз" ва "Қазақгаз" айбдор ҳастанд. Вале ӯ дақиқ нагуфтааст, ки чаро.

Тазоҳуроти густардаи эътирозӣ дар чанд шаҳри Қазоқистон идома дорад. Раиси ҷумҳурии он кишвар дар Алмаато ва Мангистау вазъи фавқулода ҷорӣ намуд. Рӯзи сешанбе дар Алмаато, Чимкент ва Нурсултон даҳҳо нафар, аз ҷумла хабарнигорони Радиои Озодӣ дастгир шуданд. Гирдиҳамоӣ аввал дар Жанаозен шуруъ шуд ва сипас дар минтақаҳои дигари Қазоқистон ҳамовозӣ ёфт.

XS
SM
MD
LG