Ссылки доступа

Тоҷикистон 50 шаҳрванди Қирғизистонро ихроҷ кардааст


Хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ додааст, ки ҷониби Тоҷикистон гӯиё 50 шаҳрванди он кишварро бе шарҳи сабаб ихроҷ кардааст.

Ба огаҳии хадамот, 2 январи соли равон 47 шаҳрванди Қирғизистон тавассути гузаргоҳи "Қарамиқ" аз Тоҷикистон ба ин кишвар пасгардонида шуданд. Онҳо зодаи ноҳияи Ҷергатол будаанд, ки аъзои оилаашон шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд.

Ҳамчунин 4 январи имсол се шаҳрванди дигари Қирғизистон низ аз Тоҷикистон ихроҷ шудааст. Хадамот афзудааст, ки ин шаҳрвандон гӯиё дар ноҳияҳои Лахш ва Мурғоби Тоҷикистон "қонунӣ" ба сар мебурдаанд ва дар маҳалли зисти худ муваққатан ба қайд гирифта шуда буданд.

"Аммо ҷониби Тоҷикистон рӯзҳои 2 ва 4 январи соли равон 50 шаҳрванди Қирғизистонро бе шарҳ ихроҷ кардааст", - омадааст дар иттилоияи Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Ҷониби Тоҷикистон то ҳол ин хабарро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG