Ҳамчунин Интернет ва алоқаи мобилӣ низ қатъ карда шудааст. Бердимуҳаммадов 3 январ дар вилояти Марӣ қарор дошт. Пеш аз сафари ӯ ба чарогоҳҳои вилоят мақомот аз чӯпонҳо хостаанд, ки бо чорвоҳои худ чарогоҳҳоро тарк кунанд.
Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Марӣ, омодагиҳо ба ин сафари Бердимуҳаммадов 2 январ шуруъ ва тадобири амниятӣ пурзӯр карда шудааст. Аз ҷумла, маъмурони пулис аз сокинон хостаанд, ки рӯзи 3 январ "аз хона набароянд".
"Мошинҳоро аз роҳҳо мегирифтанд. Дар бештари деҳаҳо барқро хомуш карданд. Интернет ва алоқамаи мобилӣ ҳам қатъ карда шуд. Мардум наметавонистанд бо наздикони худ дар дохил ва хориҷ тамос гиранд", - иттилоъ дод хабарнигори радио.
Маҳдудияти дастрасӣ ба Интернет боиси аз кор мондани терминалҳои пардохтӣ шуда, ба кори фурӯшгоҳҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва дорухонаҳо низ таъсири манфӣ расондааст.
Сафари президенти Туркманистон ба Марӣ ва Лебап баъди боздиди писари ӯ Сардор Бердимуҳаммадов аз вилоятҳои мазкур анҷом шудааст.