Ссылки доступа

Президенти Узбекистон дар авҷи нооромиҳои Қазоқистон ба рухсатии меҳнатӣ баромад


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз 5 январ ба рухсатии меҳнатии кутоҳмуддат баромадааст.

Хадамоти матбуотии президенти Узбекистон иттилоъ додааст, ки ибтидои моҳи январи соли гузашта низ Мирзиёев дар рухсатии меҳнатии кутоҳмуддат қарор дошт.

Рухсатии меҳнатии президенти Узбекистон бо ҳамоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рост омадааст. Шаҳрвандони Қазоқистон дар пайи гарон шудани нархи газ ба кӯчаҳо баромаданд.

Рӯзи 2-юми январ эътирозҳо алайҳи афзоиши нархи гази моеъ дар Жанаозен оғоз шуд ва сипас дар Актау, Алмаато, Нурсултон, Атирау ва Чимкент ҳамовозӣ ёфт.

Рӯзи 4-уми январ кумисюни ҳукуматӣ бо супориши раисиҷумҳур Қосимҷомарт Тоқаев ваъда дод, ки талаби норозиёнро иҷро хоҳад кард. Пас аз се рӯзи эътирозҳо, президент Тоқаев ҳукуматро барканор, танзими давлатии нархҳоро ҷорӣ ва дар се минтақа вазъияти изтирорӣ эълон кард, аммо эътирозҳо идома ёфтанд.

Ҳоло дар саросари Қазоқистон вазъияти фавқулода ҷорӣ шуда, мақомот барои саркӯби ба гуфтаашон “таҳдиди террористӣ” аз кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ёрӣ хостаанд.

XS
SM
MD
LG