"Раҳбарони ду давлат роҷеъ ба вазъи ахир дар Қазоқистон, тадбирҳои андешидашаванда барои эътидоли вазъ ва барқарории сулҳу оромӣ дар он кишвар табодули афкор карданд", - омадааст дар иттилоияи хадамоти матбуотии президенти Узбекистон.
Ҳамчунин Шавкат Мирзиёев бори дигар "ҷонибдории Узбекистонро аз мардум ва раҳбарияти Қазоқистон, аз ҷумла талошҳояшон барои таъмини сулҳу беҳбудӣ дар он кишвар баён кардааст".
Нооромиҳои ахир дар Қазоқистон бо эътироз ба ду баробар боло рафтани нархи гази моеъ рӯзи 2-юми январ дар Жанаозен оғоз шуд, вале босуръат ба шаҳрҳои дигари Қазоқистон "сироят" кард. Ба навиштаи расонаҳо даҳҳо нафар дар даргириҳо миёни эътирозгарон ва нерӯҳои интизомӣ маҷруҳ шудаанд. Бархе хабаргузориҳо хабар доданд, ки дар ин миён чанд нафар ҳам ҷон бохтаанд. Аммо дар ин робита хабарӣ расмӣ нашр нашудааст.