Ба гуфтаи Султонбоев, ягон ҷониб дар робита ба фаъолияти гузаргоҳҳои марзӣ маҳдудият ҷорӣ накардааст.
Рӯзи 2-юми январ эътирозҳо алайҳи афзоиши нархи гази моеъ дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон оғоз шуд ва сипас дар Актау, Алмаато, Нурсултон, Атирау ва Чимкент ҳамовозӣ ёфт.
Рӯзи 4-уми январ кумисюни ҳукуматӣ бо супориши раисиҷумҳур Қосимҷомарт Тоқаев ваъда дод, ки талаби норозиёнро иҷро хоҳад кард. Пас аз се рӯзи эътирозҳо, президент Тоқаев ҳукуматро барканор, танзими давлатии нархҳоро ҷорӣ ва дар се минтақа вазъияти изтирорӣ эълон кард, аммо эътирозҳо идома ёфтанд.
Ҳоло дар саросари Қазоқистон вазъияти фавқулода ҷорӣ шуда, мақомот барои саркӯби ба гуфтаашон “таҳдиди террористӣ” аз кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ёрӣ хостаанд.