"Баъзе за расонаҳо 3 январи соли равон дар бораи вазъи марзи Туркманистон бо Афғонистон иттилои ғайримуътамад нашр карданд", - омадааст дар иттилоияи сафорати Туркманистон.
Дар изҳорот ҳамчунин таъкид шудааст, ки "сарҳади Туркманистон ва Афғонистон марзи дустӣ аст".
Сокинони ноҳияҳои вилояти Ҷузҷони Афғонистон рӯзи 3-юми январ хабар доданд, ки миёни марзбонони Туркманистон ва нерӯҳои Толибон дар сарҳад задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, ҳатто аз мушакҳо низ истифода карда шудааст.
Дертар хабарро расонаҳои маҳаллии Афғонистон тасдиқ карданд. Телевизиони “Тулуъ” бо такя ба масъулони гуруҳи Толибон хабар дод, ки тирпарониро аввал марзбонони Туркманистон оғоз кардаанд.
Хабаргузории русии ТАСС бо истинод ба нашрияи афғонии "Ҳашти субҳ" суханони сардори бахши иттилоот ва фарҳанги Ҷузҷон Ҳилолӣ Балхиро иқтибос овардааст, ки "марзбонони туркман се рӯз пеш як сокини осоиштаро ба қатл расонда, як тани дигарро латукӯб карданд. Низомиёни Толибон низ ҳангоми таҳқиқи сабабҳои куштор дар посух ба амали марзбонони туркман оташ кушоданд.”