Ссылки доступа

Расонаҳо: даҳҳо эътирозгар дар Алмато кушта шуданд


Раёсати пулиси шаҳри Алмато хабар додааст, ки дар натиҷаи ҳамлаи эътирозгарон ба бинои ин ниҳод даҳҳо нафар ҷон бохт.

Хабаргузории РИА Новостӣ бо истинод ба пулиси Алмато навиштааст, "даҳҳо нафаре, ки шаби 5 ба 6 январ ба бинои пулиси шаҳр ҳамла карданд, кушта шуданд".

Сухангӯи Раёсати пулиси Алмато Салтанат Азербек ба Хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, ки "шахсияти кушташудаҳо муайян карда мешавад".

Хабаргузории ТАСС ва Бахши русии Би-би-сӣ иттилоъ доданд, ки низомиёни Қазоқистон майдони марказии Алматоро иҳота карданд ва амалиёти махсусеро анҷом медиҳанд. Дертар хабар дода шуд, ки ҳамлагарон дар муҳосира қарор доранд.

Дар Қазоқистон Интернет қатъ ва сомонаҳои ҳукумативу хабаргузориҳо масдуд шудаанд. Дастрасӣ ба сомонаи Бахши қазоқии Радиои Озодӣ низ маҳдуд гаштааст.

XS
SM
MD
LG