Масъулони СПАД субҳи 6 январ ба хабаргузории русии "Интерфакс" иттилоъ доданд, ки "созмон ба Қазоқистон неру фиристод".
Раиси кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Леонид Калашников гуфтааст, нерӯҳои СПАД дар Қазоқистон зерсохтҳои низомӣ, космодроми "Байконур" ва иншоотҳои дигарро муҳофизат хоҳанд кард.
Қаблан президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев аз СПАД ё ОДКБ барои, ба гуфтаи ӯ, “саркӯби таҳдиди террористӣ” ёрӣ хоста буд. Ба ин созмони зери нуфузи Русия Тоҷикистону Қирғизистон, Қазоқистон ва Арманистону Беларус шомиланд.